Ҳукумати Федератсияи Россия ҳамасола квотаро барои додани ИИМ дар асоси дархостҳои минтақаҳо муайян мекунад, аммо он ҳар сол коҳиш меёбад. Квота аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия бо дарназардошти вазъи демографӣ дар минтақаҳои гуногун ва имкониятҳо онҳо ҷиҳати бо кор таъмин намудани шаҳрвандони хориҷӣ тасдиқ карда мешавад.
Иҷозати истиқомати муваққатиро тақрибан ҳар як шаҳрванди хориҷие, ки забони русиро медонад, ба нашъамандӣ, ВИЧ(Вируси норасоии масунияти одам(ВНМО)) ва дигар бемориҳои сироятӣ, ки барои дигарон хатар дорад гирифтор намебошад, гирифта метавонад. Аз ин лиҳоз пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо дар оғози сол беҳтар аст. Зеро агар ин кор ба таъхир гузошта шавад, квота барои додани иҷозати истиқомати муваққатӣ ба итмом мерасад ва Шумо бояд соли ояндаро интизор шавед.
Рӯйхати ҳуҷҷатҳо барои гирифтани иҷозати истиқомати муваққатӣ:- Анкетаи ба таври дахлдор пуркардашуда барои гирифтани иҷозати истиқомати муваққатӣ дар ду нусха;
- Шиносномаи кишвари баромад ё хориҷӣ;
- Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи надоштани доғи судии пардохтнашуда ё бартарафнашуда дар аризадиҳанда бо нусхаи аз ҷониби нотариус тасдиқ ва тарҷумашуда;
- Ҳуҷҷатҳои расмии тасдиқкунанда оид ба гузаштани аризадиҳанда аз муоинаи пурраи тиббӣ (аз ҷумла шаҳодатномаи гирифтор набудан ба ВНМО);
- Аксҳо бе ишораи ҳудуд ва тағйирот (3 дона);
- Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи будубоши қонунӣ дар ҳудуди Россия ҳангоми муроҷиат;
- Шаҳодатномаҳо дар бораи доштани дониши кофии шаҳрванди хориҷӣ оид ба таърихи Россия, асосҳои қонунгузории федералӣ ва забони русӣ;
- Санади тасдиқкунанда оид ба гузаштани марҳилаи бақайдгирии ҷои истиқомати муваққатӣ аз ҷониби аризадиҳанда;
- Ҳуҷҷати бонкӣ(расид) дар бораи пардохти маблағи зарурии боҷи давлатӣ.
Тағйир ёфтани номгӯи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда барои гирифтани Иҷозати истиқомати муваққатӣ, мутобиқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда ва ҳолатҳои мушаххас оид ба додани ИИМ имконпазир аст.
Гирифтани Иҷозат дар асоси имтиёзДар ҳолате, ки шаҳрванди хориҷӣ ба категорияи шаҳрвандоне, ки дорои ҳуқуқи имтиёз барои гирифтани иҷозати истиқомати муваққатӣ дар Федератсияи Россия тааллуқ дорад, иҷозат бе назардошти квотаи муқаррарнамудаи Ҳукумат дода мешавад.
Ба ин гурӯҳ шаҳрвандони дорои бумии(баромади) давлати дигар дохил мешаванд, ки:
- Шӯравии Сотсиалистӣ (СССР), Империяи Россияи подшоҳӣ) таваллуд шуданд;
- Бо яке аз шаҳрвандони Россия (мард/зан) издивоҷи амалкунанда доранд;
- Дорои кӯдаки синни то 18-сола, ки мақоми шаҳрванди Федератсияи Россияро дорад, мебошанд;
- Дорои падару модари синни нафақа, ки шиносномаи русӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шаҳрвандӣ доранд, мебошанд.
Муҳим! Номгӯи имтиёзҳо бо Қонуни федералии 115 муқаррар карда шудааст ва дорои хусусияти мукаммал мебошанд.Ҳуҷҷатҳо:
- Гузоштани мӯҳри ИИМ дар асоси шартҳои имтиёзнок пас аз таҳия ва ба воҳидҳои ҳудудии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод намудани маҷмӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад, ки аз ҷумла:
- Аризаи дар асоси намунаи муқаррарӣ тартибдодашуда (дар бланкаи пешбинишуда);
- Гувоҳномаи шахсӣ (шиносномаи хориҷӣ, шиносномаи мамлакати ҳозираи баромад)
- Хулосаи тиббӣ, ки вазъи саломатии аризадиҳандаро тасдиқ мекунад;
- Ҳуҷҷатҳои расмие, ки дар асоси онҳо убури қонунии дидбонгоҳи гумрукии Федератсияи Россия анҷом дода шудааст (корти муҳоҷират, раводид бо гувоҳномаи набудани доғи судӣ);
- Шаҳодатнома дар бораи донистани забони давлатии Россия;
- Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирӣ дар ҷои истиқомати охирин;
- Аксҳои аризадиҳанда;
- Ҳуҷҷатҳои расмие, ки ҳуқуқи додани иҷозати истиқомати муваққатиро бе наазардошти квота тасдиқ мекунанд (санадҳои бақайдгирии ақди никоҳ, шаҳодатномаҳои таваллуд, шаҳодатномаи муҳоҷир(переселение) ё паноҳгоҳи муваққатӣ ва ғ.)